Интернетамро фаъол мекунаму

Хасан Хайдар – Модар
продолжительность = 0.42 мин.


Интернетамро фаъол мекунаму вориди шабакахои интернети мегардам. Якчанд паёмакхо ва хабархоро мебинам,ки чунин аст: ” Сегодня международный день Матери Поздравьте своих Любимых Мамочек, не забудьте их поблагодарить за жизнь которую они вам дали, за любовь, за воспитание, просто за точто она у вас есть “
Барои Модарам
Бехтарин, аммо барои ман хар рузи иди Модар аст. Хамеша ба кадру киммати Модарам мерасам. Хамеша, суханхои Модар барои ман гаронбахоянд.Пеши Модар каме мешини, дарду гам камтар мешавад…
Модар…аз панч харф иборат асту маънои зиёде дорад.Модар…чи калимаи гуворо, ширин ва дилангезу пурмухаббат. Вакте, ки Модар мегуям, тамоми бадану рухамро як эхсосот фаро мегираду ба хотирам Модари Чонам меоянд.
Мисли Модар ягон ёри вафодоре нест.Модар ба мисли замин якто аст ва муҳаббати ӯ барои мо фарзандон беканора ва човидона аст.
Модарчон…Модар…Холо, щуморо хеле ёд кардам. Дар хобгох нишастааму чашмонамро мепушам ва ба фикру хаёл фуру меравам…
Садои форам ва хандахоятон ба гушам мерасанд. Дар болои кат, хама ахли оила нишаста сухбат мекардему аз киссахои Падар хама ханда мекарданд. Шумо низ ханда мекардеду бо чашмони пурмехратон ба ман назар мекардед ва хандаи ширинатон дар хотирам аст.Шумо дар ошхона хурок мепухтеду ман дар руй хавли бароятон суруд хонда ракс мекардам.Дар хотир доред? Аз раксу бози ва шухии ман лаззат бурда ханда мекардед ва ман шуморо ба ракс даъват мекардам…Ханда мекардед…Вакте чашмхоямро мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд.Шуморо ёд кардам модар, чӣ гуна суханҳое бароятон бигӯям, то Шумо дар наздам ҳозир шавед ва Щуморо оғӯш гирам сарамро болои китфонатон гузораму роҳат кунам. Оҳ модар! Модарчони Азизам! Чӣ қадар вазнин, чӣ қадар мушкил ин дурӣ аз Шумо, Шуморо ёд кардам…Падарам мегуфтанд, ба Руссия рав боз ба кадри хама чиз бештар мерасии…Рост, мехру мухаббати ман руз аз руз зиёд шуда истодаасту фахмиши ман низ ба ин дуне дигар…
Ёд дорам, кудак будам. Дар куча занозани мекардаму аз бачахо калтак хурда гиря кунон меомадам.Шумо дар хона будед. Дастони нарматонро ба сарам мегузоштед, дили мисли мавчҳои дарё пурталотум гаштаамро ором менамудед, ба шумо шикоят мекардаму ором мешудам…
Модар…Шумо василаи хушбахтии ҳаёти ман хастед, зеро Шумо маро таваллуд кардед, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳворам нишаста бехобӣ кашидед.Модарчон вақте, ки ман ба дунё омадам Шумо маро дида тамоми ғаму ғуссаи дунё аз саратон дур шуд, Шумо маро дида, аз ду чашмомони сиёхатон ашк мисли борон мерехт.Гиря накунед, модарчон охир ман саломат ба дунё омадам…Шумо шабехи гул хастед, ки аз бӯи хушатон чаҳон муаттар аст…Дунё бо тамоми хастиаш чойи шуморо гирифта наметавонад, Модарчон!..
Як кудаки гирёнчак будам.Модарчони азизам вақте,ки ман дар гаҳвора бо як садои баланд гиря мекардам Шумо давон-давон ба сўям омада суруди алла мехондеду шабу руз гахвораамро мучунбондед. Шабу рузатонро барои ман бахшида будед, то мани кудак ором бихобам…Вакт мегузашту мо мехнату чонкохии шумо ман калон мешудам. Рохрави ва сухангуиро омузондед. Чи кадар мехнати мушкил…
Ман нозук будаму зуд-зуд касал мешуда. Бемор, ки мешудам лабханди шумо гум мешуд ё дуругина мешуд. Лабханди Шумо аз ман ва саломатии ман вобастагӣ дошт…Хуроки гармро хунук карда, аввал мазаашро худ мечашидед баъд ба ман медодед…Хурокро мерезондам, мечакондам, аммо Шумо пок мекардед, боз бо табассум ба лабонам чумчаи хурокро дароз мекардед…
Вакте, ки ман дар рўи ҳавли бози мекардам,Шумою Падарам аз дур маро назорат карда табассум мекардед ва хеле шод будед. Мегуфтед: ” Эй Худованд шукри зиёд,ки ба ман неъмати бузург ато карди, номашро Хабиби Аллох гузоштем. Худат доди худат калон кун. Боимон шаваду Худотарс ва Хабиби дустоштаи Ту. Чи хел фарзанди ман зебо аст, чи хел зебо рох меравад, Шукри Беадад”
Маро то синни мактаби худатон таълиму тарбия додаед. Хамеша кушиш мекардед,ки чизи хуберо омузаму рафторам низ зебо бошад.Ман оҳиста-оҳиста калон шудам.Шумо маро аз дастонам гирифта, ба мактаб бурдед ва аз дари мактаб бо бўсаҳои ширинатон ба синфхона гусел мекардед? Дар хотир доред, Модарчон? Ман соати 13 ба хона бармегаштам. Шумо дар хамин вакт маро дар таги дарвоза интизор будед. Шумо медонистед, ман кай ба хона бармегардам.Вакте ки ман аз мактаб ба хона бармегаштам ба дарвозахона медаромадам. Шумо маро дида оғўшҳоятонро мекушодед ва мани кудак ба даруни оғўшатон медаромадам. Шумо огуши гарму сахте мекардед…Хеч гох аз хотирам намебарояд…Модарчон худ нахурдеду маро хурондед, худ напушидеду маро пушондед ва маро аз хеч кас кам накарда ба воя расондед…Ман ба чунин дарача расидам бо кумак ва дастгирии Шумо…Модарчон дустатон медорам!
Ман то чонам дар бадан аст, дар хидмати шумо хастам, боз ҳам наметавонам ранҷи як шабонаи Шуморо баргардонам:
Як шаба ранҷе, ки Модар кашид
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорам, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрам барояшонон фидо созам.Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда.
Модарони Азиз , ҳамеша саломату сарбаланд ва лабонатон пур аз табассум бошад. Хушбахт бошетон!
Худовандо, хамаи Модаронро дар панохат нигох дору ба онхо умри пурбаракат ато бикун!
Фарзанди ҷигарбанд шумо- Ҳабибаллоҳ.
Мо бо дуои шумо зиндаем!
(с) Исмоилов Ҳабибаллоҳ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *